LIVE

Чили ва Уругвай дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Амрико-2019

Дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2019 мунтахабҳои Чили – Уругвай ва Эквадор – Ҷопон рақобат намуданд. Набарди дастаҳои Чили – Уругвай пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба суди қаҳрамони 15 каратаи Ҷоми Амрико яъне тими Уругвай хотима ёфт. Бозии дигари гурӯҳи “С” миёни Эквадор – Ҷопон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳамин тавр баъди анҷоми бозиҳои гурӯҳӣ тимҳои Уругвай ва Чили бо ишғоли зинаи якуми ва дуюми гурӯҳи “С” гузарномаи даври плей-оффро соҳиб шуданд. Перу ва Парагвай ду мунтахабе ба шумор мераванд, ки барои натиҷаи беҳтарашон нисбати дигарон аз зинаҳои сеюми гурӯҳи хеш ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Амрико-2019 роҳхат пайдо намуданд.
Ҷоми Амрико-2019
Гурӯҳи С
Бозии сеюм
Чили - Уругвай - 0:1 (0:0)
Гол: Кавани, 82
Чили: Ариас, Медел (Лихновски, 55), Хара (Кастило, 90), Диас, Опасо, Марипан, Арангис, Эрнандес, Пулгар, Санчес, Варгас (Фернандес, 78).
Уругвай: Муслера, Годин, Касерес, Хименес, Гонсалес, Лодейро (Нандес, 46), Де Арраскаэта (Родригес, 76), Валверде (Коатес, 90), Бентанкур, Суарес, Кавани.
Эквадор - Ҷопон - 1:1 (1:1)
Голҳо: Накадзима, 15 (0:1). Мена, 35 (1:1).
Эквадор: Домингес, Рамирес, Мина, Арболеда, Веласко, Груэсо, Орехуэла, Ибарра (А.Валенсия, 83), Мендес (Пресиадо, 46), Мена (Чикаиса, 74), Эн.Валенсия.
Ҷопон: Кавасима, Н.Уэда, Томиясу, Итакура (Маэда, 88), Ивата, Сугиока, Сибасаки, Накадзима, Кубо, Миеси (Абэ, 83), Окадзаки (А.Уэда, 66).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив