LIVE

Мусовии Ҷопон бо Уругвай дар Ҷоми Амрико-2019

Бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2019 дар гурӯҳи “С” миёни яккачинҳои Уругвай ва Ҷопон баргузор шуд. Майдондории тимҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар ин рақобат голҳои Уругвайро Луис Суарес (аз пеналти) ва Хосе Мария Хименес муаллифӣ намуданд. Голҳои Ҷопонро бошад, Кодзи Миёси ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр яккачини Ҷопон аз қаҳрамони 15 каратаи Ҷоми Амрико яъне тими миллии Уругвай имтиёз ситонд. Айни ҳол Уругвай бо касби 4 имтиёз пешсафи гурӯҳи “С” ба шумор меравад. Ҷопон бошад, соҳиби як хол асту дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтааст. Бояд ёдовар шуд, ки бозии дигари гурӯҳ миёни тимҳои Чили ва Эквадор субҳи 22-юми июн соати 04:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ҷоми Амрико-2019
Гурӯҳи С
Бозии 2-юм
Уругвай - Ҷопон - 2:2 (1:1)
Голҳо:Кодзи Миёси, 25 (0:1). Суарес, 32 пеналти (1:1). Кодзи Миёси, 59 (1:2). Хименес, 66 (2:2). 

Уругвай: Муслера, Годин, Касерес, Хименес, Лодейро (Валверде, 73), Лаксалт (Гонсалес, 28), Нандес (Де Арраскаэта, 60), Торрейра, Бентанкур, Суарес, Кавани.
Япония: Кавасима, Н.Уэда, Томиясу, Итакура, Ивата (Тасута, 87), Сугиока, Сибасаки, Накадзима, Абэ (А.Уэда, 67), Кодзи Миёси (Кубо, 83), Окадзаки.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив