LIVE

Набарди Уругвай ва Эквадор дар рақамҳо

o  Яккачинҳои Уругвай ва Эквадор дар ҳамаи мусобиқаҳо 46 маротиба байни ҳамдигар вохӯрӣ анҷом додаанд, ки 30 бор Угувай, 6 Эквадор пирӯз шудааст. 10 рақобати дигари миёни тимҳо бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфтааст.

o  Мунтахаби Уругвай дар Ҷоми Амрико сар аз соли 1967 аввалин бор бо таносуби +4 гол рақобаташро ба анҷом расонид. Охирон бор уругвайиҳо соли 1967 ба дарвозаи Венесуэла 4 голи беҷавоб зада буданд.

o  Тими миллии Эквадор таҳти роҳбарии Эрнан Дарио Гомес танҳо дар як бозии Ҷоми Амрико соли 2001 мунтахаби Венесуэларо бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст додааст. Дар шаш бозии дигар ноком шудааст. (ду бохт дар соли 2001, се бохт дар соли 2004 ва як бохт дар соли 2019).

o  Уругвай аз соли 1959 аввалин бор дар бозиҳои Ҷоми Амрико дар қисми аввали бозӣ се гол ба самар расонидааст. Охирон бор онҳо мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода буданд.

Эквадор аввалин мунтахабе дар таърихи Ҷоми Амрико мебошад, ки ба дарвозааш 315 гол сар медиҳад.

o  Мунтахаби Уругвай аввалин бор чор бозии охирашро бо таносуби +3 гол ба анҷом расонидааст. (3-0 бо Ӯзбекистон, 4-0 бо Тайланд, 3-0 бо Панама ва 4-0 бо Эквадор).

Николас Лодейро голи 400-уми Уругвайро дар таърихи Ҷоми Амрико ба самар расонид. Танҳо мунтахабҳои Аргентина (455 гол) ва Бразилия (408 гол) дар Ҷоми Амрико аз Уругвай бисёртар гол ба самар расонидаанд. Инчунин ин аввалин голи        Николас Лодейро дар Ҷоми Амрико ба ҳисоб меравад.

o  Мунтахаби Эквадор дар бозӣ бар зидди Уругвай танҳо як зарбаи мустақим ҷониби дарвозаи рақиб равон намудааст, ки зарбаи мазкурро Эннер Валенсия дар дақиқаи 1-уми бозӣ иҷро намуд.

o  Эдинсон Кавани нахустин голи худро баъд аз 11 бозии Ҷоми Амрико ба самар расонид.

o  Хосе Кинтерос аввалин футболбозе мебошад, ки дар Ҷоми Амрико-2019 корти сурх гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив