LIVE

«Ривер Плейт» - барандаи Суперҷоми Амрикои Ҷанубӣ

Бошгоҳи «Ривер Плейт» ғолиби ҷоизаи Суперҷоми Амрикои Ҷанубӣ гардид. Дар бозии ҷавобии мусобиқаи мазкур бошгоҳи аргентинӣ дар хонааш тими «Атлетико Паранаэнсе»-и бразилиро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳарсе гол дар қисми дуюми майдондорӣ ба самар расонида шуд. Голҳоро Фернандес, Пратто ва Суарес муаллифӣ намуданд. Дар мавсими ҷорӣ дастаи «Атлетико Паранаэнсе» аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти дар Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ тими «Хуниор»-и Аргентинаро мағлуб намуда буд. «Ривер Плейт» бошад, дар оғози мавсим дар финали Ҷоми Либертадорес бошгоҳи «Боки Хуниорс»-ро шикаст дода, соҳиби ҷоизаи мазкур гардида буд. Хотиррасон мекунем, ки ин аввалин финали Ҷоми Либертадорес байни ду бошгоҳи аргентинӣ ба шумор мерафт.

Суперҷоми Амрикои Ҷанубӣ. Бозии ҷавобӣ.

«Ривер Плейт» — «Атлетико Паранаэнсе» — 3:0 (0:0)

Голҳо: И. Фернандес, 65; Пратто, 90+1; М. Суарес, 90+5.

Бозии аввал: 0:1.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив