LIVE

Тевес ҳанӯз ҳам футболбози калидист

Бошгоҳи «Бока Хуниорс» дар бозии даври ниҳоии Чемпионати Аргентина бо тими «Химнасия ва Эсгрима» дидор анҷом дод. Вохӯрии тимҳо дар Буэнос-Айрес баргузор шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро ҳамлавар - Карлос Тевес ба самар расонида, дастаашро қаҳрамон гардонид. Ҳамин тавр «Бока Хуниорс» бо тафовути як имтиёз аз «Ривер Плейт» пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид. Барои «Бока Хуниорс» ин 34-умин ҷоизаи қаҳрамонӣ дар тӯли таърихаш ба шумор меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив