Собиқ дарвозабони мунтахаби Аргентина Уго Гатти иқрор омад, ки чӣ гуна уро пеш аз бозии “Бока Хуниорс” бо “Ривер Плейт” кӯшиш карданд, ки бозирро фурӯшад.
“Ба ман як миллион доллар пешниҳод карданд то ба дарвозаи худ ду гол сардиҳам. Ман дар тарабхонае, ки ҳамеша хурок мехурдам нишаста будам ва як нафар наздам омада, ба ман ин қарорро пешниҳод кард. Ман ҷавоб додам, "ба ман як миллион доллар диҳед ва ман 70 гол сар хоҳам дод. Баъд аз ин суханон ӯ ба ман чизе нагуфта рафт. Ман он лаҳза фаҳмидам, ки онҷо миллион доллар набуд", иқтибос овардааст аз суханони Гатти - Infobae. Уго Гатти аз соли 1964 то 1968 дар ҳайати тими “Ривер Плейт” ва аз соли 1976 то соли 1988 барои “Бока Хуниорс” бозӣ кардааст. Ҳамчунин Уго аз соли 1967 то 1977 дар ҳайати мунтахаби Аргентина дар 18 бозӣ ширкат варзидааст.