LIVE

Роналду дар доллардориам аввалин шуд

Ситораи футболи муосир ва ҳамлавари португалии бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду миллиардер шуд. Шумораи долларҳои ӯ сарҳади як миллиардро убур кард. Футболбози 35 сола нахустин футболкоре гардид, ки зиёда аз 1 млрд доллар дар суратҳисобаш ворид шуд. Роналду бо ин натиҷа миёни варзишгарони ҳирфаӣ дар маҷмуъ мақоми сеюмро ишғол мекунад. Қаблан голфчӣ - Тайгер Вудс ва чемпиони ҷаҳон, муштзан - Флойд Мейвезер дороиашон аз миллиард ҳам гузашта буд. 
Аз ин миқдор маблағе, ки Роналду ба даст овардааст, 650 млн доллар аз футбол мебошад. 350 млн доллар бошад, аз ҳисоби шартномаҳои сарпарастӣ ба даст овардааст. Дар соли ҷорӣ Роналду 105 млн евро ба даст овардааст, ки ин натиҷа ӯро ба зинаи чоруми сарватмандтарин шахсони машҳури ҷаҳон дар соли 2020 баровард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив