LIVE

Криштиану Роналду ба феҳристи миллиардерон шомил шуд

Ҳамлавари португалии бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду нахустин футболбозе дар таърих гардид, ки дар корномааш 1 миллиард доллар ба даст овардааст. Дар ин бора Football Italia хабар дод.
Ба маълумоти сарчашма соли 2020 дороии Криштиану Роналду ба 1 миллиард доллар баробар шудааст. Ин ситораи футбол ба ғайр аз музди маошаш дар «Ювентус» инчунин аз ҳисоби ширкати CR7, меҳмонхонааш ва рекламаҳои шартномавӣ соҳиби маблағи калон гардидааст.
Ҳамин тавр Роналду сеюмин варзишгаре дар таърих гардид, ки соҳиби миллиард доллар мешавад. Қаблан Тайгер Вудс (голфбоз) ва Флойд Мейвезери-хурдӣ (боксчӣ) ба ин натиҷа даст ёфта буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив