LIVE

Сукути Роналду дар парвандаи таҷовузи ҷинсӣ...

Ҳамлавари бошгоҳи «Ювентус» ва мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду иқрор шуд, ки ба Кэтрин Майоргаи амрикоӣ, ки ӯро дар таҷовуз айбдор мекунад, пул додааст. Дар ихтиёри хабаргузории TMZ санадҳои судӣ пайдо шуданд, ки Роналдо дар он тасдиқ кардааст, ки ба зан пул додааст. Ӯ ин корро барои он кардааст, то ин ки Майорга раванди судиро бо расонаҳо муҳокима накунад. Бо вуҷуди ин, вай то ҳол иттиҳоми таҷовузро рад мекунад, ки гӯё соли 2009 рух додааст. “Ҷаноби Роналду ба даъвогар дар ҳаҷми 375 ҳазор доллар пул супурд ва ва ҳарду ҷониб ба риояи махфият розӣ шуданд”, — гуфта шудааст дар санад. Ёдовар мешавем, ки додситонии (прокуратура) Амрико дар моҳи июл бинобар сабаби мавҷуд набудани далелҳо парвандаро рад кард. Криштиану Роналдуи 34-сола дар мавсими 2018/19 бо бошгоҳи   «Ювентус» қаҳрамонии Итолиё ва Абарҷоми кишварро ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив