LIVE

Карим Бензема аз Арабистони Саудӣ куҷо меравад?

Ҳамлавари  «Ал-Иттиҳод» Карим Бензема тими саудиро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ тарк нахоҳад кард. 
Чӣ тавре журналист Бен Ҷейкобс дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад роҳбарияти Фонди мустақили Арабистони Саудӣ (PIF) ва вазорати варзиши кишвар ният доранд ҳамлавари фаронсавиро чун қисмати лоиҳаи  рушди    чемпионати маҳаллӣ дар даста нигоҳ доранд.
Пештар хабар дода мешуд, ки мураббии «Ал-Иттиҳод» Марсело Галярдо Бенземаро аз тамрин бо тими асосӣ маҳрум кардааст.
Бензема ба сафи «Ал-Иттиҳод» тобистони қаблӣ чун футболбози озод гузариш анҷом дода, мавсими ҷорӣ 24 бозиву 15 гол ва панҷ партофти голӣ ба омор гирифт. Шартномаи бозигар бо тими саудӣ то охири моҳи июни соли 2026 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз бино ба фарзияи сомонаи Transfermarkt  15 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив