LIVE

Карим Бензема ба Испания бармегардад

Ҳамлагари фаронсавии дастаи "Ал-Иттиҳод"-и шаҳри Ҷидда - Карим Бензема эҳтимол тарки бошгоҳи Арабистони Саудӣ намояд. Дар ин бора Todofichajes хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ҳамлагар метавонад, ки ба дастаи “Лион” гузариш кунад. Қайд карда мешавад, ки роҳбарияти бошгоҳи фаронсавӣ аллакай дар болои гузариш кор карда истодааст.
Бензема қаблан гуфта буд, ки мехоҳад фаъолияти худро дар “Лион” анҷом диҳад.
Карим Бензема тобистони соли 2023 ба сифати агенти озод ба тими “Ал-Иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ гузашта буд. Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар ҳайати “Ал-Иттиҳод” дар ҳама мусобиқаҳо 11 бозӣ анҷом дода, дар онҳо 6 гол ва 3 партофти головар кардааст. Бензема бо дастаи “Ал-Иттиҳод” то тобистони соли 2026 қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонида буд. Нархи тахминии форвард, тибқи портали интернетии Transfermarkt, 25 миллион евро аст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив