LIVE

Тақдири Хаби Алонсо дар «Байер» маълум шуд

Сармураббии «Байер» Хаби Алонсо метавонад дар вазифаи сармураббигии дастаи  леверкузенӣ боқӣ бимонад.
Чӣ тавре журналист Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ медиҳад, муттахассиси испанӣ бо эҳтимолияти зиёд дар дастаи хеш то анҷоми мавсими баъдӣ корро идома медиҳад.
Пештар дар ВАО хабаре баромад, ки «Бавария» «бо тамоми нерӯ» кӯшиш мекунад, ки Алонсоро ба кор мегирад. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки ҳафтаҳои ахир худи муттахассиси испанӣ бештар дар мавриди гузариш ба «Бавария» андешаронӣ карда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Хаби Алонсо соли 2022 сармураббии тими «Байер» шуда буд. Баъди 26 даври чемпионати Олмон дар мавсими ҷорӣ «Байер» таҳти роҳбарии муттахассиси испанӣ бо касби 70 хол садрнишини ҷадвал аст. «Бавария» бошад баъди касби 60 хол дар зинаи дуюм қарор дорад.   
Сарчашма: “Чемпионат”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив