LIVE

Хаби Алонсо сармураббии "Байер" таъйин шуд

Собиқ футболбози «Ливерпул», «Реал Мадрид» ва «Бавария»-и Мюнхен Хаби Алонсо сармураббии дастаи «Байер» таъйин шуд. Дар ин вазифа ӯ мутахассиси швейтсарӣ Ҳерардо Сеоанеро иваз карда, то тобистони соли 2024 шартнома баст.

«Ман "Байер"-ро ҳамчун клуби бузург аз замони дар Олмон буданам мешиносам. Онҳо ҳамеша бозигарони олӣ доштанд ва ман дар ҳайати ҳозира бисёр бозигарони босифатро мебинам. Дар рафти суҳбат бо клуб маълум гардид, ки сарфи назар аз вазъияти душвори хозира мо мақсадҳои принсипиалӣ ва калон дорем, ки онхоро минбаъд ҳам пеш гирифта метавонем. Ин вазифа маро хеле ба ҳаяҷон меорад ва ман боварӣ дорам, ки мо аз ӯҳдаи ин талабҳо мебароем ", - иқтибос меорад Алонсоро сомонаи расмии клуб.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 4 октябр, "Байер" дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо аз тими "Порту" бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дар ҳоли ҳозир даста дар ин мусобиқот бо ҳамагӣ се имтиёз мисли ду тими дигар - "Атлетико" ва "Порту" дар ҷои севум аст. Дар Бундеслигаи Олмон ин бошгоҳ пас аз ҳашт бозӣ панҷ имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 18-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив