LIVE

Алонсо сеюмин аъзои як оилааст, ки дар "Барселона" бозӣ мекунад

Собиқ муҳофизатгари дастаи "Челси" - Маркос Алонсо бо тими "Барселона" шартнома баст. Тибқи иттилои бошгоҳи каталонӣ, шартномаи футболбоз то тобистони соли 2023 эътибор дорад. 
«Дар дастае бозӣ кардан хуш аст, ки падари ман дар ин тим ба муваффақиятҳои бузург ноил шуда буд. Дар хотир дорам, ки ӯ маро ба тамошои бозиҳо ба “Камп Ноу” мебурд, аз ин рӯ, ҳоло дар ин ҷо будан бениҳоят аҷиб аст», - гуфтааст Алонсо 
Далели тааҷҷубовар ин аст, ки Алонсо сеюмин нафаре аз як авлод аст, ки дар “Барселона” бозӣ мекунад.  
Луис Забала Эчеварриа, падарбузурги Маркос, аз соли 1941 то соли 1943 дар “Барселона” ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст.
Падари ӯ Маркос Алонсо Пеня бо пероҳани каталониҳо майдондорӣ намудааст. Вай аз соли 1982 то 1987 дар “Камп Ноу” панҷ сол сипарӣ кард ва инчунин аз дастащои “Реал Мадрид” ва “Атлетико” низ дидан кард.
Ҷолиб он аст, ки бобои ӯ Маркос Алонсо Имаз низ футболбоз буд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар “Барса” бозӣ накардааст ва шарафи рақиби “Барса” “Реал Мадрид”-ро ҳимоя кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Алонсо бо мувофиқаи тарафайн шартномаашро бо “Челси” қатъ кардааст. Ҳимоятгари испанӣ ҳамчун як агенти озод ба “Барселона“ дар доираи созишнома бо бошгоҳи лондонӣ гузариш намуд. Каталониҳо дар дар назди "Челси" вазифа гузошта буданд, ки он вақт иҷозаи гузариши ҳамлагар Пйер-Эмерик Обамеянгро медиҳанд, ки “Челси” шартномаашро бо Маркос Алонсо бекор намояд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив