LIVE

“Барса” Алонсо ё Хосе Гайяро ба ҳайати худ даъват карданист

“Барселона” дар бораи хариди футболбози "Валенсия" - Хосе Гайя ва бозигари “Челси” - Маркос Алонсо талош дорад. "Барселона" ба фаъолияти бобарори Ҷуниор Фирпо шубҳа дорад ва дар ҷустуҷӯи бозигаре мебошад, ки Ҷорди Албаро дар майдон иваз карда тавонад. Шартномаи ҳозираи Гайя бо “Валенсия” соли 2023 ба итмом мерасад. Хабар дода мешавад, ки “Валенсия” мушкилоти ҷиддии молиявиро аз сар мегузаронад ва омода аст, ки бозигари 25-соларо ба маблағи тақрибан 30 миллион евро фурӯшад. Инчунин “Барселона” ба Маркос Алонсои 30-сола, ки шартномааш бо “Челси” соли 2023 ба итмом мерасад, таваҷҷуҳ дорад. Transfermarkt Алонсоро 13 миллион евро баҳогузорӣ мекунад. Пештар хабар дода шуд, ки “Атлетико” низ ба хидмати ин бозигар ниёзмандӣ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив