LIVE

Алонсо ба дастаи «Барселона» гузариш мекунад

Гузариши бозигари 31 солаи испании дастаи «Челси» - Маркос Алонсо ба тими «Барселона» ба марҳилаи ниҳоии худ расид. Ба иттилои манбаъ, созишнома дар арафаи анҷомёбист. Гуфта мешавад, ки шартҳои қарордод як моҳ қабл мувофиқа шуда буданд. Барои ин гузариш розигии сармураббии “Челси”- Томас Тухелро мунтазир буданд, зеро мутахассиси олмонӣ гуфта буд, ки то трансфери Марка Кукурелла аз “Брайтон” амалӣ нашавад ба рафтани Алонсо рози намешавад. 
Шартномаи Алонсо бо "Челси" то охири мавсими 2022/2023 амал мекунад. Алонсо дар мавсими гузашта дар ҳайати "Челси" дар ҳама мусобиқаҳо 44 бозӣ карда, ба задани 5 гол ва 4 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив