LIVE

Ҷанҷоли Алонсо ва "Челси" барои "Барселона"

"Челси" намехоҳад Маркос Алонсоро ба "Барселона" бидиҳад. Каталониҳо барои ҷалби футболбози 31-сола талош доранд, аммо ӯ барои як соли дигар бо лондониҳо шартнома дорад.  Бошгоҳи инглисӣ намехоҳад Алонсо аз даста равад. Ба гуфтаи манбаъ, Маркос ва атрофиёни ӯ ба клуб фишор овардаанд, зеро муҳофизатгар нияти баргаштан ба Испанияро дорад. 
Алонсо дастпарвари мактаби “Реал Мадрид” аст. Пеш аз гузаштан ба “Челси “дар соли 2016 дар дастаҳои “Болтон”, “Сандерленд” ва “Фиорентина” бозӣ кардааст. Дар тӯли шаш сол испанӣ дар ҳайати "Челси" 211 бозӣ анҷом дода, 29 гол задааст. Ӯ соли 2017 ғолиби Премйер-Лига, соли 2019 Лигаи Аврупо ва соли 2021 Ҷоми Лигаи Чемпионҳоро болои сар бардоштааст. То ба ҳол як чанд бозигарон дастаи лондонро тарк намуданд. Аз ҷумла муҳофизатгар Андреас Кристенсен ҳамчун агенти озод ба “Барселона” гузариш намуд ва ҳамлагар Лукаку бошад, ба “Интер” иҷора дода шуд.  Ниммуҳофизатгари марокашӣ Ҳаким Зиеш низ тарки ин тими футбол карданист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив