LIVE

Аввалин голи Вернер ва аввалин ҷароҳати Зиеш дар «Челси»

Футболбози ҷадиди «Челси» - Ҳаким Зиеш дар бозии рафиқона бар муқобили  «Брайтон» ҷароҳат бардошту майдонро тарк намуд. Дар дақиқаи  59-уми рақобат Зиеш маҷбур шуд то аз майдон берун шавад.  Бозии аввалини худро дар «Челси» ҳамлагари олмонӣ Тимо Вернер низ анҷом дод ва ӯ ба задани гол даст ёфт. 
Барои футболбози  27 солаи марокашӣ ин аввалин бозӣ бо пироҳани «Челси» баъд аз гузариш  аз тими «Аякс» ба ҳисоб мерафт. «Челси» барои Ҳаким Зиеш наздики 40 млн евро ба «Аякс» пардохт кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив