LIVE

"Бавария" дифоъгари нави 70-миллиона мехарад

Дар футболи Олмон Бавария баъди оне, ки шумораи холҳои дастаи Хаби Алонсо аз   ин дастаи мюнхенӣ зиёд шуд, аз барои интиқом мунтазам дастаи мазкур ба бозор мебарояд.  Ин навбат дастаи ҳозираи Тухел ба умед пурқувваткунии хати дифоъ бар он аст, ки  Тео Эрнандесро аз "Милан" онҳо метавонанд бар ивази   60-70 млн евро ба даст оранд. Мюнхениҳо бовар доранд, ки Эрнандес барои гузариш ба дастаи нав омода аст ва миланиҳоро ба ҳар ҳол ба зарби пул розӣ карда мешавад.
Ин нақша ҳам баъди гузариши эҳтимолии Алфонсо Дэвис ба "Реал" дар сари олмониҳо омада, дифоъгари 26-солаи "Милан" худ яке аз номзадҳои асосӣ бар ивази канадагӣ дар "Бавария" мебошад. Дар ин бора инсайдер Флориан Плеттенберг иттилоъ медиҳад.
"Бавария"-ро аллакай аз нархи тахминии бозигар огоҳ кардаанд ва ин рӯ мюнхениҳо ҳам аз ҳозир аз паи кор шудаанд.  Ҳамин тариқ дар Олмон бар онанд, ки бозигари "Милан"-ро бар ивази  60-70 миллион  евро харидорӣ карда мешавад. Шартномаи бозигари фаронсавӣ бо "Милан" бошад то соли 2026 мӯҳлат дорад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив