LIVE

Пойгаи ду тими пурқуввати олмонӣ дар бозори трансферӣ

Дар футболи Олмон собиқ дифоъгари 35-солаи Бавария "Ҷером Боатенг" бекоо монду ба "Салернитана" рафт. Ӯ шаш моҳ боз бе бошгоҳ буд. Аз "Салентина" бошад Филипо Инзагӣ ҷавоб дода шуд.
Мӯҳлати шартнома бо бозигари 35-солаи собиқи "Бавария" ва мунтахаби Олмон шаш моҳро дар бар гирифта, дар набуди таҷрибаи шашмоҳа ба футболбозони собиқадор боварӣ ҳамин қадар аст.
Бошгоҳи ахири Ҷером бошад "Лион" буд, ки аз онҷо ӯ чун футболбози озод рӯзи   1-уми июляи соли 2023 канор рафта буд.
Тирамоҳи соли 2023О Боатенг наздик буд, ки ба "Бавария" бозгашт кунад ва ҳатто аз муоинаи тиббӣ ҳам гузашт, вале мюнхениҳо дар охир аз даъваташ даст  кашиданд.  Ин ҳам бозигарест, ки 10 сол дар "Бавария" бозӣ мекард, вале ин навбат бо сабабҳои норозигии мухлисон ва айбдоршавии    Боатенг дар хушунати оилавӣ ӯ ба гранди олмонӣ напайваст.  
"Боруссия"-и Дортмунд бошад Юлиан Рейкхоффро ба  "Аякс"  бар ивази 2,5 млн евро фурӯхту дифоъгар Хендри  Бланкро ба   "Залтсбург"  бо нархи 7 млн евро равон кард. Ҳамин тариқ "дортмундиҳо" бо ду бозигар хайрухуш карданд.
Ба сафи "Аякс" дастпарвари ин тим Юлиан Рейкхофф баргашт. Ҳамлавари 19-сола бо  ҳолландиҳо шартнома то тобистони соли 2027 имзо намуда, он метавонад ба як соли дигар дароз карда шавад.
Ҳамчунин  дортмундиҳо ба  "РБ Залтсбург"   дифоъгар Хендри Бланкро равон карданд. Бозигари 19-сола бо тими наваш шартнома то соли 2028 имзо кард.
Чӣ тавре Fear the Wall хабар медиҳад, баҳри гусели ҳардӯи ин бозигари занбӯрҳо ҳамагӣ 9-у ним миллион евро кор карданд.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив