LIVE

"Айнтрахт"-и Франкфурт ҳамлавари "ПСЖ-ро худӣ мекунад

Бошгоҳи олмонӣ аз лаби дарёи Майн бо номи “Айнтрахт”-и Франкфурт мехоҳад ба бозигари “ПСЖ” ба пуррагӣ ҳаққи соҳибӣ пайдо кунад. Арзиши гузариши Юго Экитик ҳам 16 млн евроро ташкил медиҳад. Нияти харидории пуррраи олмониҳо ҳам баъди баромади муваффақи ин бозигари дар иҷорабудаи парижиён дар Бундеслига сар зад. Ҳамлавари 21-соларо ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ ба иҷора оварда буданд. Ба қавли худи Фабрисио Романо “Айнтрахт” бо боварӣ ба иқтидори бузурги ояндасозии ин фаронсавӣ 16 миллион евроро ба самти Фаронса ирсол карданист.  “ПСЖ” ҳам дар навбати худ зид нест, ки Экитик аз ҷониби олмониҳо ба пуррагӣ харидорӣ карда шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив