LIVE

Иртиботи трансферӣ миёни дастаҳои "Тулуза" ва "Штутгарт"

Дар Олмон  дастаи “Штутгарт” як харидории 3 млна анҷом дод. Ин тим дифоъгари  “Тулуза” Антони Руоро, ки тариқи иҷора дар Олмон баромад мекунад, ба пуррагӣ харидорӣ кард ва бо ӯ шартнома то соли 2027 имзо кард.  Ба қавли нашрияи олмонии Kicker раванди харидории бозигари 22-солаи фаронсавӣ ба таври худкор баъди оне амалӣ карда шуд, ки ӯ дар сафи асосии  “Штутгарт” дар Бундеслига мавсими баъдӣ ба таври кафолатнок ҷой пайдо карда тавонист.  Ин мавсим Руо  17 бозӣ дар чемпионати Олмон гузаронида, 2 партофти голӣ ба омор гирифтааст.  “Штутгарт” бошад ин мавсим баромади олӣ дар Бундеслига дошта, бо камбуди сехола аз худи “Бавария” дар зинаи сеюм қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив