LIVE

«Монако» соҳиби дарвозабони нав шуд

«Монако» дар сомонаи расмми хеш аз гузариши дарвозабони шветсарӣ  Филлип Кён эълон намуд.
«Монако» гузариши шветсарӣ аз  «РБ Залтсбург»-ро мувофиқа карда, шартнома бо Кён панҷ сол мӯҳлат дорад.
Кёни 25-сола  — дастпарвари футболи олмонӣ буда, ин дарвозабон дар тимҳои ҷавонони системаи «Шалке», «Штутгарт» ва «Лейпсиг» бозӣ намуда, ҳамчунин дар мунтахаби Олмон дар тимҳои аз 15 то 18-сола майдондорӣ кардааст.
Дар мавсими қаблӣ Кён дар сафи «Залтсбург» 42 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида,   33 гол сар дод ва  19 маротибаи дигар бозиҳоро бидуни сар додани гол ҷамъбаст намуд. Дар ҳайати «Ред Булл» дарвозабони шветсарӣ қаҳрамони дукаратаи Австрия ва дорандаи Ҷоми кишвар шудааст.
Дарвозабон Александр Нюбел, ки мавсими қаблӣ тариқи иҷора аз «Бавария» дар сафи «Монако» баромад мекард, ба тимаш баргашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив