LIVE

Бозигарони нави зимистонии Бундеслига

Дастаи олмонӣ  аз Франкфурти лаби Майн бо номи "Айнтрахт"  Йенс Хеугеро ба  "Буде-Глимт" ба иҷора то охири соли  2024 бо ҳаққи харидории 5 млн евро равон кард.
Мавсими ҷориро бозигари 24-сола 10 бозӣ дар Бундеслига гузаронида буд ва ҳеҷ кори шоистаи таъриф накард. 
Бошгоҳи футболи "Штутгарт" бошад ба бозори Англия рӯ овард ва аз онҷо Муҳаммад Довудро аз "Брайтон" бо ҳаққи харидорӣ ба иҷора гирифт.
Довуд дар сафи тими наваш таҳти рақами 5-ум баромад карда, ба сафи  "Брайтон" бошад тобистони соли 2023 аз  "Боруссия"-и Дортмунд чун агенти озод гузариш карда буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив