LIVE

Мэйсон Маунт дар сафи «Манчестер Юнайтед» таҳти рақами 7-ум баромад мекунад

Нимҳимоягар  Мэйсон Маунт, ки ба сафи «Манчестер Юнайтед» аз «Челси» гузариш карл, дар тими наваш пироҳани таҳти рақами 7-умро соҳиб гардид. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳӣ тариқи сомонаи расмии хеш хабар медиҳад.
Охирин дорандаи рақами мазкур  Криштиану Роналду буд, ки бо ӯ моҳи ноябри соли 2022 шартнома қатъ карда шуд. Рақами «ҳафт» чун рақами маъруф барои  «МЮ» дониста шуда, таҳти он бозигарони шӯҳратманде ба мисоли Ҷорҷ Бэст, Брайан Робсон, Эрик Кантона, Дэвид Бекхэм ва Роналду бозӣ кардаанд.
Пештар иттилоъ дода мешуд, ки баҳри гузариши бозигари    24-солаи мунтахаби Англия манкунианиҳо 50 млн евро пардохт мекунанд. Маунт — дастпарвари «Челси» буда, аз соли 2005 шомили сохтори тими лондонӣ буд. Дар ҳайати   «кабудҳо» Маунт дар 197 бозӣ 33 голу  37 партофти голӣ ба  омор гирифтааст. Қарордоди корӣ миёни ҷонибҳо тобистони соли 2024 ба анҷом мерасид. Дар умум   Маунт бо «Челси» се ҷоиза ба даст овард — ғолибият дар Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва чемпионати бошгоҳии ҷаҳон.
Барои «Манчестер Юнайтед» ин аввалин харидорӣ дар равзанаи тобистонаи трансферӣ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив