LIVE

Мейсон Маунт мавсими оянда дар "Манчестер Юнайтед" бозӣ мекунад

Ниммуҳофизатгари дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон  - Мейсон Маунт ба дастаи "Манчестер Юнайтед" гузариш мекунад. Тибқи иттилои манбаъ,  “Девҳои сурх” бо  футболбоз дар бораи шартҳои шартномаи инфиродӣ  ба мувофиқа расидаанд.

Ҳанӯз маблағи интиқол аз «Челси» мувофиқа нашудааст, аммо сармураббии «Манчестер Юнайтед» - Эрик тен Ҳаг ба имзои ин бозигар бовар дорад.
Шартномаи Маунт пас аз як сол ба охир мерасад ва "Челси" мехоҳад барои ин бозигараш маблағи хуб ба даст орад. Ҳамчунин, дастаҳои “Ливерпул” ва “Арсенал” ҳам, ҳавасманданди даъавати  ӯ мебошанд.
Маунт дар ин мавсим дар 35 бозӣ ба майдон баромада, 3 гол ва 6 ассист анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Маунт мехост, ки маошашро дар “Челси” се баробар зиёд кунанд, аммо ин хоҳиши ӯро иҷро накарданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив