LIVE

Ниммуҳофизатгари "МЮ" ба "Барселона" мегузарад

Ниммуҳофизатгари сербии "Манчестер Юнайтед" Неманя Матич корномаи хешро метаонад дар "Барселона" гузаронад. 
Ба иттилои манбаъ, клуби каталонӣ барои таҳким бахшидани хати марказии худ ба бозигари таҷрибадор ниёз дорад.  “Барселона” умедвор аст, ки нимҳимоятгари 33-соларо бо арзиши андаке ба даст орад, зеро бозигари сербиро шартномааш тобистон бо “Манчестер Юнайтед” як соли дигар мемонад ва ӯ метавонад ба дастаи дигар гузариш намояд. Инчунин маоши Матич барои каталонҳо қобили қабул аст.
Неманя Матич сар аз соли 2017 дар дастаи "Девҳои сурх" бозӣ мекунад ва аз “Челси” ба маблағи 44,7 миллион евро гузариш намуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив