LIVE

“МЮ” ба шикори беҳтарин бозигари “Лестер” баромад

“Манчестер Юнайтед” мақсад дорад, ки тобистон дар хати ҳуҷуми худ тағйирот ворид созад. Довталаби асосӣ барои ҷалбии футболбозони ҷадид бозигари тими  “Лестер” - Ҷеймс Мэддисон маҳсуб мешавад. 
Мувофиқи иттилои Manchester Evening News футболбози 23-сола низ аз гузаришаш ба ҳайати девҳои сурх зид нест. Мэддисон, ки ниммуҳофизатгари ҳуҷумкор маҳсуб мешавад, барвақт дар дастаи “МЮ” бозӣ кардан мехоҳад, аммо  иқрор шудааст, ки гузаришаш ба клуби нав аз ӯ вобастагӣ надорад. 
“Лестер” бошад, ин футболбози калидиашро аз даст додан намехоҳад ва бо ӯ қарордод то соли 2023 бастааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив