LIVE

«Милан» бо футболбози «Барселона» қарордод мебандад

«Милан» ба муҳофизатгари фаронсавии бошгоҳи «Барселона» - Жан-Клеру Тодибо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Ба иттилои ВАО клуби итолиёвӣ мақсад дорад, то қисмати дифои хешро аз ҳисоби ин бозигари ҷавон мукаммал созад. Мулоқоти президентҳои ҳарду даста дар ҳоли баргузорист. Мавзуи марказии ин вохӯрӣ муомилоти  Тодибо маҳсуб мешавад, ки ҷониби дастаи каталонӣ барои ин футболбози фаронсавиаш на камтар аз 10 млн € маблағ ба даст оварданист. Тодибои 19 сола моҳи январи соли 2019 ба «Барселона» омад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив