LIVE

“МЮ” бозигари “Челси”-ро мехоҳад

“Манчестер Юнайтед” ҳавасманди ҷалби нимҳимоятгари “Челси” - Н'Голо Канте гаштааст. Бино ба иттилои манбаъ, сармураббии девҳои сурх Оле-Гуннар Солшер мухлиси деринаи нимҳимоятгари фаронсавӣ аст ва бовар дорад, ки ӯ дар қисмати ниммуҳофизатгари такягоҳӣ беҳтарин футболбоз маҳсуб мешавад. “Манчестер Юнайтед” Кантеро бо маоше, ки дар “Челси” мегирад, таъмин карда наметавонад. “Манчестер Юнайтед” аллакай бо намояндагони футболбози 29-сола тамос гирифтааст.
Қаблан барои ин бозигар “Интер” низ талош кард, аммо кӯшишҳои миланиҳо бенатиҷа буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив