LIVE

Канте аз “Челси” меравад

Н'Голо Канте ниммуҳофизатгари бошгоҳи англисии “Челси” хоҳиши иваз намудани дастаашро кардааст. Бо такя ба сарчашмаҳои хабарӣ, ӯ шояд мавсими оянда шарафи дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро ҳимоя кунад. Зеро аз ҷониби ин даста ба ӯ мароқи бештар зоҳир гардидааст. Дастаи шаҳри Манчестер аллакай бо роҳбарияти клуб роҷеъ ба гузариши Н'Голо Канте гуфтугӯ карда, барои ба даст овардани бозингар маблағи 80 миллион евро пешниҳод кардааст.
Канте дар мавсими сипаришуда, бо пироҳанҳои бошгоҳи лондонӣ 28 маротиба ба майдон баромада, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Ҳоло шартномаи бозингар бо дастаи лондонӣ  то соли 2023 муқаррар шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар баробари “Манчестер Юнайтед”, инчунин "Интер" низ мақсади ба даст овардани ниммуҳофизатгари фаронсавиро дорад. 
Коршиносони риштаи футбол бар он назаранд, ки дар ҳолати гузаришаш Канте метавонад мавқеи ниммуҳофизаи дастаи “Ман Юнайтед”-ро аз пештара дида, боз ҳам пурқувватар намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив