LIVE

«Манчестер Юнайтед» дастпарвари «Челси»-ро шомили тим кард

«Манчестер Юнайтед» дар сомонаи расмии хеш оиди имзокунии шартнома бо нимҳимоягари «Челси»-и Лондон Мэйсон Маунт хабар дод.
Пештар иттилоъ дода мешуд, ки баҳри гузариши бозигари    24-солаи мунтахаби Англия манкунианиҳо 50 млн евро пардохт мекунанд. Маунт — дастпарвари «Челси» буда, шомили сохтори тими лондонӣ аз соли 2005 буд. Дар ҳайати  «кабудҳо» дар 197 бозӣ Маунт 33 голу 37 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Қарордоди корӣ миёни ҷонибҳо тобистони соли 2024 ба анҷом мерасид. Дар умум  бо «Челси» Маунт се ҷоиза ба даст овард — ғолибият дар Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва чемпионати бошгоҳии ҷаҳон.
Барои «Манчестер Юнайтед» ин аввалин харидорӣ дар равзанаи тобистонаи трансферӣ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив