LIVE

Муборизаи "Арсенал" ва "Ливерпул" баҳри харидории бозигари "Айнтрахт"

Тимҳои Ливерпул ва  Арсенал ин навбат дифоъгари  “Айнтрахт”-и лаби Франкфурт Вилян Пачоро ба қавле хуш кардаанд. Арзиши ин дифоъгар бошад    50-60 млн евро мебошад, ки албатта барои ҳардӯи ин тимҳо додани чунин пул на ба осонӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ,  ба қавли журналисти  Sky Sport Флориан Плеттенберг  иштиёқ нисбати бозигари “Айнтрахт” аз ҷониби дастаҳои дуюму сеюми ПЛА ба назар мерасад ва маҳз ҳамин дастаҳо оиди бозигар маълумотҳои заруриро пурсон шудагиянд.  Бозигари эквадорӣ ҳам аз дастаи  Франкфурт метавонад бар ивази  50-60 миллион евро равад, дар ҳоле, ки мӯҳлати шартномааш то соли   2028 амал мекунад. Мавсими ҷорӣ Пачои 22-сола дар Бундеслига   28  бозӣ гузаронидаву аллакай диққати абардастаҳои ҷаҳони куҳанро сӯи хеш кашидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив