LIVE

Аввалин пирӯзии “Айнтрахт” дар мавсим

Бошгоҳи “Айнтрахт”-и Франкфурт дар даври 2-юми Бундеслига бо дастаи “Герта”-и шаҳри Берлин қувва озмуд. Бозии дастаҳо дар майдони “Олимпиаштадион” сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи меҳмонон хатм шуд. Дар дақиқаи 30-юм ҳуҷумкунандаи фарнкфуртиҳо Андре Силва бо истифода аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ҳисобро боз намуд. Бартарии “Айнтрахт”-ро   Бас Дост таъмин намуд. Ин гол дар дақиқа 36-ум зада шуд. Муаллифи голи сеюми меҳмонон Себастян Роде гардид. Дар дақиқаи 77-ум Мартин Хинтереггер дар як ҳолат ба иштибоҳ роҳ дода, тӯбро вориди дарвозаи худ кард. Бо ҳамин натиҷа 3 бар 1 дастаи “Айнтрахт” ғалабаи аввалини худро дар мавсими кунун таъмин сохт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив