LIVE

Хет-трики Салоҳ аввалин ғалабаи “Ливерпул”-ро дар мавсим таъмин кард

Дар доираи бозиҳои даври якуми Чемпионати Англия дастаҳои “Лидс” ва “Ливерпул” дар варзишгоҳи "Энфилд" бо ҳам нерӯ санҷиданд. Дидори мазкур ҷолибу сергол сурат гирифта, бо ҳисоби 4-3 ба фоидаи ливерпулиҳо ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум Муҳаммад Салоҳ аз зарбаи ҷаримавии 11 метра боз намум. Бо гузашти 8 дақиқаи   Ҷек Ҳаррисон  таносубро барқарор сохт. Дар дақиқаи 20-уми рақобат  Вирджил ван Дейк боз  дастаашро ба пеш баровард. Дере нагузашта футболбози “Лидс” Патрик Бэмфорд  ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Дар дақиқаи 33-юм Муҳаммад Салоҳ як бори дигар дарвозаи ҳарифонро рахна сохт. Дар дақиқаи 66-ум Матеуш Клих 66 ҳисобро 3 бар 3 намуд. Ду дақиқа мондан, то анҷоми вохӯрӣ Муҳаммад Салоҳ гардид. Ӯ пеналтиро бо муваффақият вориди дарвозаи   рақиб сохта, ғалабаи мушкили “Ливерпул”-ро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив