LIVE

Кори дурусти тими "Монако" аз худ дарак дод

Тағйироти чашмраси кадрӣ дар футболи Олмон ин овардани бозигари ПСЖ аз ҷониби "Айнтрахт" аст. Юго  Экитик аз ПСЖ бо ҳаққи харидорӣ ба Олмон омада, маблағи умумии гузариш – қариб 30 млн евро мебошад.
Бошгоҳи олмонӣ ҳам оиди имзокунии шартнома бо бозигари 21-сола эълон намуда, ҳамлавари мавсими қаблӣ   3 голу 4 партофти голӣ аз 25 бозиҳои чемпионати Фаронса ба омор гирифта буд.  
Тағйироти дигари кадрии марбут ба футболи фаронсавиён ба "Монако" дахл дорад. Ин даста ҳамлавар Майрон Боадуро ба иҷора ба "Твенте" равон кард. Ҳамлавар бо ҳамин то охири мавсим дар Эредивизие хоҳад буд. Футболбози 23-сола аслан дастпарвари тими АЗ буда, дар Фаронса бошад аз соли   2021 бозӣ мекард. Мавсими ҷорӣ дар ҳисоби  Боаду 9 бозӣ ва 1 гол дар Лигаи якум аст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив