LIVE

Чолокии трансферии тимҳои пешқадами Италия

Дар Италия "Милан" Шак Траореро ба   "Палермо" ба иҷора равон кард ва баъди анҷоми иҷора охири мавсим метавонанд ӯро бар ивази  10 млн евро фурӯшанд.
Чӣ тавре журналист Ҷанлука Ди Марсио хабар медиҳад, ҷониби "россонери"м бар замми 10 млн-и гуфтагӣ боз 15 фоизи маблағ аз фурӯши минбаъдаи бозигарро худӣ мекунад.
Ҳамчунин нисбати ин бозигари ивуарийӣ тимҳои "Вест Бромвич" ва "Лозанна" мароқ зоҳир карда буданд. Мавсими ҷорӣ Траоре дар Серияи А 2 бозӣ ва як гол дорад.  
Намояндаи дигари Серияи А бо номи "Верона" бошад дар навбати худ дастпарвари  "Барса" Жорди Мбоуларо ба "Расинг" фиристод. Дастпарвари "Барса" ба тими   "Расинг" аз Сантандер пайваст ва тими итолиявӣ ҳам за барояш ягон тангаи ҷубронпулӣ нагирифт.  Мавсими ҷорӣ дар ҳисоби бозигари 24-сола 11 бозӣ ва як ассист дар Серияи А мебошад.  Се трансфери дигари анҷомдодаи "Верона" бошанд чунинанд: ҳамлавар  Стефан Митрович аз "Срвена Звезда" харидорӣ шуд, дифоъгар Фабйен Сантон аз  "Нант" омад ва ҳамлавар Карол Свидерски аз "Шарлотт" ташриф овард. Ҳамчунин бошггоҳ аз  "Гронинген" нимҳимоягар Томаша Сусловро ба даст овард.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив