LIVE

Дастаи нави Йерри Мина ва чанд трансферҳои дигар

Бошгоҳи футболи "Милан" Марко Пеллегриноро ба иҷора ба "Салернитана" равон кард. Дифоъгар баъди гузариши  5,5 млн евро дар сафи "россонери" танҳо як бозӣ гузаронида буд. Аргентинии 21-соларо чӣ тавре гуфтем, тобистони соли    2023  аз "Платенсе" бо нархи  5,5 млн евро хариданд ва баъди як бозӣ  барои тарҷиба ба "Салернитана" равон карданд.
"Ҷеноа" бошад бар замми харидории пурраи Руслан Малиновский аз "Марсел" ҳамячунин  ҳамлавар Витинйоро бо ҳаққи харидории 25 млн евро ба иҷора гирифт.
Витинйо Оливейраи 23-сола бо ҳамин аз Лигаи якуми Фаронса ба Серияи А омада,  мавсими ҷорӣ дар сафи "Марсел" дар 18 бозӣ фақат як гол зада буд.  
Як кори дигари ҳалшудагӣ дар бозори Италия ба гузариши Йерри Мина ба "Каляри" рабт дорад. Мина аз  "Фиорентина" омада, бо собиқ бозигари "Барса" шартнома зери нақшаи 0,5+1 навишта кард. Яъне ин маънои онро дорад, ки бо колумбиявии 29-сола нахуст шартномаи шашмоҳа карданд ва баъдан   боз як соли дигар ӯро дар Каляри ҷо карда метавонанд.
Мавсими ҷорӣ  футболбози 29-солаи Колумбия танҳо чор бозӣ дар Серияи А гузаронида, бо ҳамин собиқ бозигари дастаҳои "Барселона"  ва "Эвертон" дастаашро иваз кард.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив