LIVE

Бозигари мунтахаби Ӯзбекистон ба «Каляри» гузариш мекунад

Ҳамлавари «Рома» Элдор Шомуродов ба сафи «Каляри» гузариш мекунад, дастае, ки навакак ба Серияи А баргашт.
Футболбози 28-солаи узбек тариқи иҷораи яксола бо ҳаққи харидории 9 миллион евро ба ҷазираи Сардиния мекӯчад.
Оиди гузариши собиқ ҳамлавари «Ростов», ки аз ҷониби мураббии маъруф Клаудио Ранйери тамрин дода мешавад, бояд оғози ҳафтаи нав эълон кунанд.
Дастаи нави Шомуродов дар варзишгоҳи дорои ғунҷоиши 16 400 тамошобин бозӣ мекунад. Аллакай «Каляри» 10 000 чиптаҳои мавсимиро фурӯхтааст.
Дар нимаи дуюми мавсими-2022/23 ҳамлавар тариқи иҷора дар «Спетсия» гузаронид. Дар мавсими қаблӣ Шомуродов 24 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 2 голу 2 партофти голӣ ба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив