LIVE

Элдор Шомуродов дигар ба “Рома” нолозим шуд

Ҳамлагари ӯзбакистонӣ Элдор Шомуродов тарки “Рома” мекунад. Клуби шаҳри Рим ният дорад, ки барои хариди ҳуҷумгари собиқи «Торино» Андреа Белотти маблағ ҷудо кунад. Ба иттилои манбаъ, Шомуродов ба “Болония” мегузарад. Рафтани Элдор ба «Рома» имкон медиҳад, ки музди меҳнати Андреа Белоттиро, ки мехоҳад дар як сол 3 миллион евро бигирад, пардохт кунад. Элдор Шомуродов моҳи октябри соли 2020 “Ростов”-ро тарк карда, ба клуби итолиёвии «Ҷеноа» бо маблағи 9 миллион евро гузашт ва як сол баъд бозигари «Рома» шуд. Таҳти роҳбарии Жозе Моуриню ҳамлагар дар тамоми мусобиқаҳо 40 вохӯрӣ гузаронида, дар онҳо панҷ гол зада, шаш партоф анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив