LIVE

Элдор Шомуродов аз як тими итолёвӣ ба дигараш гузариш кард

Ҳамлагари мунтахаби Ӯзбекистон Элдор Шомуродов ба таври иҷора аз «Рома» ба тими «Спетсия» гузашт. Футболбози мазкур идомаи мавсимро дар дастаи дигари итолёвӣ мегузаронад.  

“Спетсия” сеюмин тими итолиёвӣ дар фаъолияти варзишии Шомуродов аст. Пеш аз «Рома» ва «Спетсия» футболбоз рангҳои “Ҷеноа”-ро ҳимоя мекард. Дар маҷмӯъ, бозигари узбек дар 65 бозӣ дар Серияи А Италия 11 гол ва 5 ассист дорад.

Дар ин мавсим ҳамлагари 27-сола дар ҳайати “Рома” 8 бозӣ карда, як гол задааст. Таҳти роҳбарии Жозе Моуриню, Шомуродов дар ҳайати асосӣ қариб, ки бозӣ намекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив