LIVE

Корҳои бозории дастаҳои Серияи А-и Италия

Дар Италия "Ювентус" ҳарчӣ бештар кушиш мекунад, ки дар бозор якум бошад. Ин маврид "зебраҳо" Педро Фелипеи 19-соларо аз  "Палмейрас" то охири мавсим ба иҷора гирифтанд. Дифоъгар дар сафи   "Юве-2" дар Серияи С бозӣ хоҳад кард.  Дар дастаҳои ҷавонони "Палмейрас" бошад ин бразилӣ 18 бозӣ гузаронида, акнун омода аст, ки чунин таҷрибаро дар дастаҳои ҷавонони италиявиҳо истифода кунад.
Ҳамзамон "Рома", ки соҳиби сармураббии нав аст, нимҳимоягари   20-солаи "Эмполи" Томазо Балдансиро бо нархи  10+5 млн евро харидорӣ кард.  Нимҳимоягар дар тими наваш рақами   35-ум гирифта, ба гуфти   Фабрисио Романо арзиши гузариш 10 млн евро буда,  5 млн бонуси дигарро бошад   дар давоми панҷ соли дигар пардохт мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив