LIVE

Эндрики 17-сола аз Неймар пеш гузашт

Ҳамлавари 17-солаи «Палмейрас» Эндрик мавсимро дар Серияи А-и бразилӣ бо 11 гол ҷамъбаст кард. Бештари голҳоро ӯ дар марҳилаи охири мусобиқа ба самар расонид: шаш гол дар ҳашт бозии ахир. Ҳамин тариқ ӯ аз Неймар пеш гузашт ва аз рӯи шумораи голҳо миёни ҳамаи футболбозони 17-сола дар таърих дуюмин нафар гардид. Бозигари бразилӣ танҳо аз Роналдо голҳои камтар дорад.
Эндрик дар бозии даври охири чемпионат миёни тимҳои «Палмейрас» ва «Крузейро» гол ба самар расонида, рақобат бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ин натиҷа барои бразилии ҷавон басанда буд то ғолиби чемпионат бигардад.
Ёдрас мекунем, ки бозигари мазкур аз ҷониби «Реал»-и Мадрид харидорӣ шуда, тобистони соли 2024 ба тими наваш мепайвандад. Арзиши гузариш 37,5 млн долларро ташкил дода, ӯ аз соли қаблӣ инҷониб дар сатҳи касбӣ баромад мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив