Барои футболбозони «Пари Сен-Жермен» баромад кардан дар як даста бо ҳамлаварон Лионел Месси ва Неймар ноқулай будааст.
Чӣ тавре PSG Community дар шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонад, бештари бозигарони тими парижӣ аз рафтани Неймар ва Месси шод шудаанд.
Неймари 31-сола дар сафи «ПСЖ» шаш мавсим гузаронида, соҳиби панҷ қаҳрамонии Фаронса шуда буд. Тобистони соли 2023 бразилӣ бо ҷониби саудии «Ал-Хилол» шартномаи дусола имзо намуда, ки тибқи он қариб 300 млн евро ба даст меорад.
Месси ба сафи «Интер Майами» тобистони соли 2023 чун футболбози озод гузариш анҷом дода, шартномаи бозигар бо «Интер Майами» то соли 2025 мӯҳлат дорад.
