LIVE

Робин ван Перси номи се футболбози беҳтарини ҷаҳонро гуфт

Собиқ ҳамлавари «Арсенал» ва «Манчестер Юнайтед» Робин ван Перси гуфт, ки кадом футболбозонро айни ҳол дар ҷаҳон беҳтарин меҳисобад.
«Се беҳтарин футболбозон айни ҳол? Мбаппе, Месси ва Холанд», – гуфта ван Перси дар мусоҳиба бо ESPN.
Лионел Месси ба сафи «Интер Майами» дар равзанаи тобистонаи трансферӣ чун футболбози озод гузариш анҷом дода, қарордоди корияш то моҳи декабри соли 2025 мӯҳлат дорад.
Килиан Мбаппе тобистони қаблӣ аз тамдидкунии шартнома бо  «ПСЖ» то тобистони соли 2025 даст кашид ва шартномаи феълии бозигар бо тими фаронсавӣ тобистони соли 2024 хотима меёбад.
Эрлинг Холанд дар сафи «Манчестер Сити» аз соли 2022 баромад карда, шартномаи бозигари норвегӣ бо тимаш то охири моҳи июни соли 2027 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив