LIVE

Корҳои транферии "Рома" бо иштироки ду бозигари машҳур

Дар пойтахти Италия  "Рома" Андреа Белоттиро ба иҷора ба Фиорентина гусел кард ва худ нимҳимоягари "Эмполи" Балдансиро бо арзиши 10+5 млн евро ба даст овард.
Ҳамин тариқ, Андреа Белотти идомаи маснади варзишӣ дар даста аз Флоренсия намуда, ҳарчанд ҷонибҳо то ҳол изҳороти расмӣ накардаанд,  "Фиорентина" аллакай аксу видеои бозигари нави хешро дар тамрингоҳ намудор кардааст.
Белотти дар сафи римиҳо  45 бозӣ дар Серияи А гузаронида, ба задани 3 гол даст ёфтааст ва минбаъд кӯшиш мекунад, ки дар сафи "Фиорентина" то ҳол аз даркорӣ буданашро нишон диҳад.
Ҳамзамон чӣ тавре ишора кардем,  нимҳимоягари "Эмполи"  Томмазо Балдансии  20-сола бо ҷониби римиҳо шартномаи панҷсола имзо намуда, де Росси талош мекунад, ки аз аввали рӯзҳои корияш маҳз дар чунин бозигарони ҷавон ба қавле сиёсатро шинонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив