LIVE

Даниеле де Росси- сармураббии нави “Рома”

Чӣ тавре аз хадамоти матбуотии тими римӣ расман иттилоъ доданд бар ивази Жозе Моуринйо   собиқ бозигари дастони ин тим Даниеле де Росси ба вазифаи сармураббигӣ таъин гардид.
Моуринйо дастаро аз моҳи майи соли 2021 тамрин дода, таҳти роҳбарии ӯ римиҳо ғолиби Лигаи конференсияҳо дар соли 2022 ва иштирокчии финали Лигаи Аврупо- 2023 гардида буданд.
Қобили қайд аст, ки Даниеле де Росси кулли маснади варзишии хешро аз соли 2002 то соли 2019 дар “Рома” сипарӣ намуда, дар 459 бозӣ ба задани 43 гол даст ёфтааст. Ҳамзамон панҷ бозии дигар соли 2019 дар сафи “Бока-Хуниорс” гузаронидааст. 
Маснади мураббигии хешро бошад де Росси аз тими Италия шурӯъ намуда, солҳои 2022-2023 дар тими СПАЛ кор кард ва акнун ин муттахассиси 40-сола корро дар “Рома” оғоз мекунад.
Рома баъди анҷоми 20 даври Серияи А бо 8 пирӯзӣ, 5 мусовӣ, 7 бохт ва 29 хол дар зинаи нӯҳуми ҷадвал қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив