LIVE

«Палмейрас» қаҳрамони Бразилия гардид

«Палмейрас» дуюмин маротиба паиҳам қаҳрамони  Бразилия эълон шуд.
Имрӯз, 7-уми декабр бошгоҳ аз Сан-Паулу дар бозии сафарӣ муқобили «Крузейро» (1:1) мусовӣ кард аз рӯи холҳо барои фаромадан ба зинаи дуюм дастнорас гардид. Акнун «Палмейрас» 70 хол дошта, таъқибгари наздиктаринаш «Атлетико Минейро» 66 хол ва як бозӣ дар эҳтиёт дорад.
Гол дар сафи «Палмейрас»-ро дар дақиқаи 21-ум бозигари ояндаи «Реал»-и Мадрид ҳамлавар Эндрик ба самар расонид. Ҳисобро бошад дар дақиқаи 80-ум дифоъгар Никан баробар кард.
Барои «Палмейрас» ин пирӯзӣ дар Серияи А-и бразилӣ 12-умин дар таърихи тим гардид.
Бразилия - Серия А . Даври 38-ум
07-уми декабри соли 2023, панҷшанбе. 05:30 ДШБ
Крузейро (Белу-Оризонти1 : 1 Палмейрас (Сан-Паулу)
0:1 Эндрик – 22'     1:1 Никан – 81'    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив