LIVE

Собиқ сармураббии мунтахаби Бразилия дигарбора ба кор шурӯъ кард

Мутахассиси бразилӣ Луис Фелипе Сколари дигарбора ба кори мураббигӣ шуруъ кард  ва тамриндиҳии «Атлетико Минейро»-ро бар гардан гирифт. Дар ин бора сомонаи расмии тими бразилӣ хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки мӯҳлати қарордод бо сармураббӣ то моҳи декабри соли 2024 аст.
Бошгоҳи пешини мураббии 74-сола тими бразилии «Атлетико Паранаэнсе» буд, ки он дастаро ӯ соли 2022 тарк намуда буд. Ҳамоно баъди он моҳи ноябри соли  2022   Сколари дар бораи хатми маснади мураббигӣ эълон намуд.  
Дар вақти маснади мураббигӣ  Сколари дар мунтахабҳои Бразилия ва Португалия кор карда, ҳамчунин «Челси», «Палмейрас», «Гремио», «Крузейро» ва тимҳои дигарро тамрин дода буд. Таҳти  роҳбарии ин мутахассис мунтахаби Бразилия соли 2002 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив