LIVE

Суарес дастаашро боз иваз кард

Ҳамлагар - Луис Суарес расман бозигари тими «Гремио»-и Бразилия гардид. Дар ин бора сомонаи расмии клуб хабар додааст. Мӯҳлати шартнома байни тарафҳо то декабри соли 2024 ба инобат гирифта шудааст. 

Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи “Ал-Халиҷ”-и Арабистони Саудӣ низ ба футболбоз пешниҳод бо маоши баланд кардааст. Аммо бозигар тасмим гирифт, ки ба бошгоҳи бразиль гузарад.

Дастаи охирини Суареси 35-сола «Насонал»-и Уругвай буд. Дар хайати ин клуб Луис чемпиони мамлакат гардид. Дар 12 вохӯрӣ ҳамлагар ба задани панҷ гол ва 3 партофт даст ёфт.  Суарес дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар низ дар ҳайати тими миллии Уругвай бозӣ кард, вале гол зада натавонист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив